Хабарҳо

САЛЮТЗАНИИ ШАБОНАИ СЕ НАВРАС ДАР ДУШАНБЕ ҲАМАРО ТАРСОНД

САЛЮТЗАНИИ ШАБОНАИ СЕ НАВРАС ДАР ДУШАНБЕ ҲАМАРО ТАРСОНД

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар дод, ки садои баланди таркишмонанде, ки шаби 27 сентябри соли 2022, тахминан соати 21:45-21:50 дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон садо дод ва хабараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дар асл таркиш набуд

Дар иттилоияи милитсияи пойтахт гуфта мешавад, ки бо мақсади санҷиш ва муайян намудани хабари дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, гуруҳи фаврию тафтишотии милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои фавриюҷустуҷӯиро роҳандозӣ намуда, муайян кардааст, ки садои таркишмонанди рухдода дар натиҷаи истифодаи оташфаввора (салют) аз ҷониби 3 нафар ноболиғони 15-16 сола дар, назди бинои истиқоматии 9-ошёнаи №33-Б дар кӯчаи Б.Ғафуров будааст, ки боиси халалдор гардидани оромии шаҳрвандон гардидааст.

“Ҷиҳати ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани вайронкунандагони тартибот аз ҷониби кормандони милитсия санҷиш ҷараён дорад”, гуфта мешавад дар иттилоия.

Ворид кардан, харидуфурӯш ва истифодаи маводи пиротехникӣ, аз ҷумла “хлопушка” ва оташфаввораҳо дар Тоҷикистон чандин сол боз расман манъ гардида, барои чунин аъмол ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button