Хабарҳо

ЯК МӮСАФЕДИ 83-СОЛА АЗ НОҲИЯИ РӮДАКӢ АЗ ФАРЗАНДАШ БА ДОДГОҲ ШИКОЯТ БУРДААСТ

ЯК МӮСАФЕДИ 83-СОЛА АЗ НОҲИЯИ РӮДАКӢ АЗ ФАРЗАНДАШ БА ДОДГОҲ ШИКОЯТ БУРДААСТ

Маҳмасаид Давлатов, соли таваллудаш 1939, сокини деҳаи Чорсӯи ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба додгоҳи ин ноҳия аз писари худаш Муҳаммадюнус шикоят бурдааст. Даъвогар дар аризагии даъвогиаш навиштааст, ки писараш ӯро нигоҳубин намекунад, баракс ҳатто латтукӯб мекунад ва мехоҳад хонаеро, ки ӯ дар вақташ сохта буду писараш Муҳаммадюнус соли 2000 бо роҳи фиреб ба номи худ кард, аз писараш гирифта, ба ӯ баргардонанд. Маҳмасаид Давлатов манзилеро, ки дар асоси шаҳодатномаи туҳфа аз 16 июни соли 2000, №1-п370 ба фарзанди дар ин қазия ҷавобгараш ҳадя гардидааст, дар вақташ ӯ бино карда буд, вале писараш Муҳаммадюнус “аз бесаводӣ ва гумроҳии ман истифода бурда, 16 июни соли 2000 манро бо роҳи фиреб ба нотариуси давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бурда, аризаи манро гирифтааст, ки гӯё ман худ барои ҳадяи моликияти баҳсӣ розӣ мебошам”. Падари норозӣ аз фарзанд дар аризаи даъвогиаш менависад, ки писараш ӯро ҳамарӯза ғам ва азобу уқубат медиҳад: “Манро намегузорад бо оилаам дар манзили истиқоматии баҳсӣ зиндагонӣ намоем. Манро умуман нигоҳубин наменамояд ва ҳоло ҷавобгар пурра рафтори худро дигар намуда, мақсади аз манзили истиқоматӣ пеш намуданро дорад. Қайд менамояд, ки соҳибмулк аст ва ман аз дастам ҳеҷ чиз намеояд. Ҳоло чашмонам нобино шудааст, мехоҳам шартномаи ҳадяи бо роҳи фиреб кардаи ҷавобгарро беэътибор намоям. Чунки ҷавобгар мехоҳад хонаро фурӯхта, манро бе ҷойи зист гузорад.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button