Хабарҳо

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: АМАЛИЁТИ НАҶОТИ СЕ САЙЁҲ ДАР КӮҲҲОИ ДАРАИ ВАРЗОБ

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: АМАЛИЁТИ НАҶОТИ СЕ САЙЁҲ ДАР КӮҲҲОИ ДАРАИ ВАРЗОБ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотдиҳандагонаш дар рӯзҳои истироҳат се сайёҳеро дар кӯҳҳои дараи Варзоб дармонда буданд, наҷот додаанд.

Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи шанбе, 25 сентябри соли 2022 се сайёҳ дар мавзеи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб дар кӯҳ дармонданд ва яке аз онҳо ба болои ин аз баландӣ афтода, ҷароҳат ҳам бардоштааст.

Наҷотбахшон макони дармондани сайёҳонро муайян карда, шоми ҳамон рӯз, яке аз сайёҳонро аз кӯҳ пойин фароварда ва ба Душанбе фиристодаанд.

Вале ба далели фаро расидани торикӣ идомаи амалиёти наҷот ба субҳи рӯзи дигар монанда шуд. Наҷотбахшон низ он шаб ҳамроҳи сайёҳон дар кӯҳ истоданд. Субҳи 26 сентябр, соати 05:30 наҷотбахшон амалиёти наҷоти ду сайёҳи боқимондаро идома дода, ҳардуро бо кумаки таҷҳизоти махсуси фаннӣ пойин фароварданд ва сайёҳи маҷруҳро ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол доданд.

Аммо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар иттилоияаш дар бораи аз кадом кишвар будани сайёҳони дар кӯҳҳои Варзоб дармонда маълумоте надодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button