Хабарҳо

9 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ ИНТИҚОЛИ 3 ҲАЗОР РУБЛ БА ЯК ТОҶИКИ ДИГАР ДАР СУРИЯ

9 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ ИНТИҚОЛИ 3 ҲАЗОР РУБЛ БА ЯК ТОҶИКИ ДИГАР ДАР СУРИЯ

Додгоҳи ҳарбии Русия рӯзи 20 сентябри соли 2022 дар пайи баррасии шикояти зодаи Тоҷикистон Файзалӣ Нидоевич Ҳалимхонов 9 сол ҳукми зиндони ӯро бетағйир боқӣ гузошт. Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия дар шаҳри Ростови лаби Дон рӯзи 29 июни соли 2022 ин ҷавони 22-солаи тоҷикро бо ҷурми мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ бар асоси қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия ба 9 соли зиндон маҳкум карда буд.Ҳалимхонов, ки худро бегуноҳ мешумурд, аз ин ҳукм шикоят бурд, вале муваффақ нашуд.

Худи ин ҷавони тоҷик барои шарҳи қазия дастрас нест, вале раёсати ФСБ вилояти Волгоград мегӯяд, дар рафти тафтиш ва баррасии додгоҳӣ муайян карда шуд, ки Файзалӣ Ҳалимхонов ба як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар Сурия қарор дошт ва узви созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) буд, пул фиристодааст. Дар додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия гуфтанд, ки Ҳалимхонов аз Волгоград тавассути телефони мобил ба як ҳисоби бонкие, ки рақамашро ба вай як узви ДОИШ дода буд, 3 ҳазор рубл (наздики 50 доллар) пул гузарондааст.

Бо тасдиқи ҳукмаш аз сӯи додгоҳи таҷдиди назар, 9 сол ҳукми зиндони Файзалӣ Ҳалимхонов ба иҷро даромад. 3 соли аввали ҳукмашро ӯ бояд дар маҳбаси пӯшида адо кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button