Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ҚИРҒИЗИСТОНРО БА ИДОМАИ ИҒВОГАРИҲО ДАР МАРЗ АЙБДОР КАРД

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 21 сентябри соли 2022 дар як изҳороти вижа ҷониби Қирғизистонро ба поймол кардани тавофуқоти ахир ва идомаи амалҳои иғвоангез дар марзи ду кишвар айбдор кард. Дар изҳорот ҷониби Қирғизистон аз ҷумла ба нигоҳ доштани нирӯҳои вижа ва техникаи вазнини ҳарбӣ дар хатти марз ва ҳолатҳои пайдарпаи нақзи ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишинаш гунаҳкор мекунад. Аз ҷумла, 19-20 сентябр парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини қирғиз дар фазои шаҳри Исфара, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон, посгоҳҳои сарҳадии «Сарҳадчӣ» ва «Ширинчашма»-и ноҳияи Лахш, «Росровут» ва «Муряк»-и ноҳияи Деваштич, инчунин дар болои қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида расидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button