Хабарҳо

POLITICO: АМРИКО ҚАРИБ 40 ҲАВОПАЙМОЮ ЧАРХБОЛИ АФҒОНИСТОНРО МЕТАВОНАД БА ӮЗБЕКИСТОНУ ТОҶИКИСТОН БИДИҲАД

POLITICO: АМРИКО ҚАРИБ 40 ҲАВОПАЙМОЮ ЧАРХБОЛИ АФҒОНИСТОНРО МЕТАВОНАД БА ӮЗБЕКИСТОНУ ТОҶИКИСТОН БИДИҲАД

Нашрияи Politico бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки Амрико бо Ӯзбекистону Тоҷикистон дар мавриди дар ивази тақвияти ҳамкориҳо барои мубориза бо терроризм ба ду кишвар вогузор кардани ҳудуди 50 чархболу ҳавопаймои нирӯҳои ҳавоии Афғонистон музокирот пеш мебарад. Ин чархболу ҳавопаймоҳоро моҳи августи соли 2021, қабл аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон ва ба қудрат омадани Толибон халабонҳои афғон ба кишварҳои ҳамсоя “гурезонда” буданд.

Дар матлаби ин нашрия гуфта мпшавад, ки як сол пеш халабонҳои афғон тақрибан 25 фоизи тамоми чархболу ҳавопаймоҳои он кишвар, аз ҷумла чархболҳои навъҳои UH-60 Black Hawk, Ми-17, Ми-25, ҳавопаймоҳои навъҳои PC-12, C-208, AC-208 ва A-29-ро ба ин ду кишвар “гурезонданд”. Вазорати мудофиаи Амрико қаблан гуфта буд, ки дар умум аз Афғонистон 46 чархболу ҳавопаймо ба Ӯзбекистон ва 18 адади дигар ба Тоҷикистон бурда шуд.

Аксари ин техникаро ба Афғонистон Амрико дода буд ва аз ин рӯ, вақте ки Толибон исрор меварзиданд, ки ин ҳама моли Афғонистон аст ва бояд баргардонда шавад, мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, ки онҳо ба Амрико тааллуқ доранд ва сарнавишташонро бояд Вашингтон муайян кунад. Душанбе то кунун ягон бор даъвоҳои Толибон ба ин чархболу ҳавопаймоҳоро шарҳ надодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button