Хабарҳо

Нурулло Алиев- нахустин тоҷики муштзан (размикор) аз Тоҷикистон дар лигаи UFC!

Нурулло Алиев- нахустин тоҷики муштзан (размикор) аз Тоҷикистон дар лигаи UFC!

Муборак бошад!

Нуруллои 22-сола, ки то имрӯз дар ММА бо 6 пирӯзӣ (6-0) дар сархати ҷадвали ғолибони вазни миёна қарор дошт, ин дафъа барои роҳ ёфтан ба UFC бо Ҷош Вики вориди октагон гардид. Нурулло дар раунди аввал ҳарифашро аз пой афтонд ва ғалабаи комил ба даст овард. Акнун, Нурулло Алиев расман ба тими UFC пайваст ва аввалин тоҷик аз Тоҷикистон аст, ки дар ин лига кишвари моро намояндагӣ хоҳад кард.

Алиев Нурулло Хайруллоев 16.10.1999 ба дунё омада, аз хурдӣ ба варзиш (аз ҷумла гӯштини тарзи озод, самбои размӣ) шавқу рағбат дошт. Ҳамин тавр, пас аз тамрину машқҳои мадид ӯ ба дарёфти унвони Қаҳрамони Осиё дар риштаи самбои размӣ ва Қаҳрамони ҷаҳон оид ба панкратион (ду дафъа) даст ёфт. Ҳоло дар Федератсияи Русия кору фаъолият дошта, ҳамеша дар куллияи мусобиқаву қаҳрамониҳо парчами Тоҷикистонро баланд мебардорад.

Боз як бори дигар, табрик!

Возможно, это изображение 3 человека и текст

68Масъуда Акилова и ещё 67

Комментарии: 7

Поделились: 4

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button