Хабарҳо

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК МАНСАБДОР АЗ ҲУКУМАТИ ПАНҶАКЕНТ. БОЗ ҲАМ БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

БОЗДОШТИ БОЗ ЯК МАНСАБДОР АЗ ҲУКУМАТИ ПАНҶАКЕНТ. БОЗ ҲАМ БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

Як корманди ҳукумати шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо гумони даст доштан ба тақсими ғайриқонунии қитъаҳои замин ва омода намудани ҳуҷҷат ба шахсоне, ки дар асл эҳтиёҷманд нестанд, дастгир шудааст. Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент рӯзи 20 сентябри соли 2022 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки Фирдавс Аминзода, котиби комиссияи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ё худ шаҳрдории Панҷакент аз тарафи мақомоти прокуратура дастир гардида, айни замон дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Боздошти Фирдавс Аминзода тақрибан як ҳафта қабл рух додааст. Гуфта мешавад, Аминзода дар омода намудани ҳуҷҷатҳо барои шахсоне, ки дар асл эҳтиёҷманд набудаанд, даст дорад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, чанд нафари дигар аз кормандони масъулро низ барои “сӯҳбат” ба прокуратура даъват карда, аз онҳо ҳам баёнот гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button