Хабарҳо

Ҳушдори ВКХ–и Тоҷикистон ба кишварҳо ва созмонҳои ҳамкор

Вазорати хораҷи Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамкор ва созмонҳои байнулмилалӣ хост, ки мутаваҷҷеҳи тарҳҳои обёрии Қирғизистон бошанд, то танишҳои ҷадид пеш наоянд

ДУШАНБЕ, 20 сен – Sputnik. Истифода аз манобеъи оби яке дигар аз баҳсҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари баҳсҳо сари қаламрав аст.

Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар як ҷамъи намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷиву созмонҳои байнулмилалӣ ва рӯзноманигоронсӯҳбат мекард, гуфт, дар солҳои ахир, Қирғизистон манобеъи оби фаромарзиро бераҳмона ва башиддат аз худ мекунад.

“Ин амр ба вежа дар мавриди рӯдхона Хоҷа Бақирғон, ки таҷаммӯъ (агломератсия) – и Хуҷандро таъмин менамояд, сидқ мекунад. Ин таҷаммуъ шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро, ки беш аз ним миллион нафар ҷамъият дорад, дарбар мегирад”, — гуфт вай.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, Қирғизистон проектҳоеро рӯи даст гирифтааст, ки дар пайи иҷроиши онҳо ҷамъияти Тоҷикистон бидуни оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ бидуни обёрӣ мемонанд ва ин дар тазодди комил бо асноде аст, ки имзои намояндагони расмии Қирғизистонро дорад ва арқоми возеҳе дар ҳавзаи тақсими оби ин рӯдхона маълум ҳастанд.

“Бо истифода аз ин фурсат, ман аз намояндагони кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ мехоҳам, ки ҳангоми дарёфти дархост аз тарафи Қирғизистон барои иҷрои проектҳои мудирияти об дар ин сарзаминҳо бисёр муроқиб бошанд. Ин амр авоқиби манфӣ дорад, аз ин хотир, қабл аз ҳар тасмиме аз шумо хоҳишмандем бо мо ҳамоҳанг ва машварат намоед”, — гуфт Содиқ Имомӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button