Хабарҳо

МУФТИИ ТОҶИКИСТОН: ЗОЛИМ НОКОМ ВА ҲАР МАҒРУРЕ МАҒЛУБ АСТ

МУФТИИ ТОҶИКИСТОН: ЗОЛИМ НОКОМ ВА ҲАР МАҒРУРЕ МАҒЛУБ АСТ

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода рӯзи 19 сентябри соли 2022 дар вокуниш ба ҳаводиси хунин дар марз бо Қирғизистон қатлу хунрезиҳо, бахусус қатли мардуми осоишта ба вижа дар масҷиди деҳаи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро маҳкум кард. Нимаи дуюми рӯзи 16 сентябр бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Қирғизистон ба мактаб ва масҷиди Овчӣ Қалъача 18 нафар кушта шуданд. 12 тан аз ин қурбониён дар даруни масҷид ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

“Золим ноком ва ҳар мағруре мағлуб аст. Золим барои он ноком аст, ки болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид тир холӣ мекунад ва ин зулм ҳисобида мешавад. Чаро ки дар он масҷид инсонҳои осоишта қарор доштанд, на одамони силоҳдори равона ба ҷанг. Навореро дидам, ки чанд нафар низомиёни қирғиз дар сари компютер нишаста, бо дидани таркиши масҷиди мазкур қаҳ-қаҳа ва каф мезананд, мисли он ки дунёро гирифта бошанд. Чӣ қаҳрамоние карданд онҳо? Мӯйсафедони солхӯрдаеро, ки барои ибодат ба масҷид рафта буданд, қатл карданд. Ин ваҳшоният нест? Аз ин рафтори онҳо инсон дар ҳайрат мемонад. Ақл куҷост, инсоният, шарофат ва нангу номус куҷо шуданд? Бояд, ки шахси мусалмон ҳамеша аз рӯи ақлу хирад ва дурандешона амалу рафтор намояд”.

Ба ақидаи муфтии Тоҷикистон, ба қатл расонидани аҳолии осоишта, чӣ дар масҷид, чӣ дар навоҳии наздимарзӣ гуноҳи азим ва нобахшиданист.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button