Ҷомеа

Шаш генерали нав дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 6 нафари дигар рутбаи генералӣ гирифтанд, ки дар бахшҳои гуногун — аз буҷаю молия то омодагии ҳарбӣ хизмат мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Шаш полковники Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рутбаи генералӣ гирифтанд.

Бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ахиран дар пойгоҳи асноди ҳуқуқии ҷумҳурӣ нашр шуд, дар феҳрасти генерал-майорҳои нав аз ҷумла Азиззода Ҳафиз Ҷаббор, сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ мебошад.

Сафарзода Ҷамшеду Сафар низ, ки роҳбарии раёсати омодагии ҷангии Вазорати мудофиаро ба уҳда дорад, соҳиби рутбаи генералӣ шудаст.

Дар рӯйхати генералҳои навпогон инчунин Ҳакимзода Зариф Юнусӣ зикр шудааст, ки сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button