Хабарҳо

Раҳмон вориди Самарқанд шуд: ӯ нахуст қабри Каримовро зиёрат кард

Президенти Тоҷикистон дар назар аст, ки бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СҲШ ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, амният дар доираи созмон ва Афғонистонро баррасӣ кунад

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз 15 сентябр барои ширкат дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба вориди Ӯзбекистон шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд президенти Тоҷикистонро сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Фазлиддин Умаров ва дигар намояндагони воломақоми он кишвар истиқбол гирифтанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов оғоз гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти навбатии сарони СҲШ дар Ӯзбекистон имзои беш аз 30 санади мухталиф дар назар аст, ки нақшаи иҷрои Созишномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ барои солҳои 2023-2027 аз ҷумлаи онҳост. Инчунин созишномаи ҳусни тафоҳум бо бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудаст.

Ҳамчунин интизор меравад, ки ёддошти тааҳҳудоти Эрон барои дарёфти мақоми узви СҲШ низ имзо шаваду раванди қабули Белорус ба ҳайси узви ин созмон оғоз гардад.

СҲШ як созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Кишварҳои узви ин созмон Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Кишварҳои нозири СҲШ Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ва кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button