Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ БАЙКЕРИ РУС ПАША МОТОВОЗ БАР АСАРИ СУҚУТИ ПАРАПЛАН ДАР ТОҶИКИСТОН

ҲАЛОКАТИ БАЙКЕРИ РУС ПАША МОТОВОЗ БАР АСАРИ СУҚУТИ ПАРАПЛАН ДАР ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 10 сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон, дар наздикии Душанбе бар асари суқути паралплан сокини 38-солаи шаҳри Санкт-Петербурги Русия Павел Чернов ба ҳалокат расид, Ӯ дар байни байкерҳои пойтахти шимолии Русия бо номи Паша Мотовоз машҳур буд. Паша Мотовоз ба тиҷорати мотосиклҳои машғул буд ва парапланеризм яке аз навъҳои варзишҳои экстремалие буд, ки ӯ дӯст медошт.

Ҳамсари Павел Чернов Наталя хабари марги шавҳарашро аз мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дарёфт кардааст. Паша Мотовоз, ки шуғли асосиаш тиҷорати мотосикл буд, бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Ӯ субҳи 10 сентябр ба Душанбе рафтааст, то бо параплан парвоз кунад. Вале аз қазо параплане, ки ӯ парвоз дошт, суқут кардааст.

Ҳоло ҳамсараш мехоҳад пул ҷамъ оварда, барои овардани ҷасад ба Тоҷикистон биравад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button