Хабарҳо

Таваққуфи нодурст: ҷаримабандии ронандаи «Хундай»

Як нафар сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расм аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 3003РА01 чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.
  Ба иттилои номбурда соҳибмулки ин автомашина нақлиёти худро дар қатори дуюми роҳи мошингард дуру дароз таваққуф намуда, ба ҳаракаи троллейбус ва дигар воситаҳои нақлиёт монеагӣ эҷод намудааст, ки дар натиҷа боиси ба миён омадани тамбашавии роҳ гардидааст.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», рақами қайди давлатиаш 3003РА01, шаҳрванд Раҳимов Абдуазим Абдуалимович мебошад, ки аз ҷониби кормандони бозрасӣ дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид. Ҳамзамон бо мақсади минбаъд ба чунин қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ даст назадан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button