Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Бетоншиканию бозсозии роҳ дар Роғун баъди дастури Раҳмон

Роҳ то маркази шаҳри Роғун ва неругоҳи барқи обии он ҳудуди 11 километрро ташкил дода, ҳанӯз дар даврони шӯравӣ аз бетон сохта шуда будааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, барои бозсозии роҳ то шаҳри Роғун дастур додааст.

Ба иттилои хабаргузории «Ховар», дар пайи супориши раисҷумҳур, дар Роғун навсозии роҳи ҷумҳуриявии даромад ба шаҳр оғоз гардид.

Зикр шудааст, ки президент дар сафари ахираш ба сифати роҳ ба Роғун таваҷҷуҳ намуда, хостори бозсозии он шудааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки роҳи ҷумҳуриявии даромади шаҳри Роғун аз роҳи байналмилалии Душанбе — Ваҳдат — Лахш шурӯъ шуда, то маркази шаҳри Роғун ва Неругоҳи барқи обии «Роғун» 11 километрро ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button