Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Як рэпсарои тоҷикро даҳ рӯз ҳабс кардаанд

Рамазон Муродов, блогер ва рэпсарои 24-солаи тоҷик, машҳур ба тахаллуси “Ралик”-ро даҳ шабонарӯз ба ҳабс гирифтаанд.

Мақомот мавзуъро шарҳ надодаанд, вале пайвандонаш гуфтанд, ӯ ба “итоат накардан ба маъмури милиса” гунаҳкор аст.

Ба нақли онҳо, маъмурони милиса рамазон Муродовро 5-уми сентябр дар назди хонааш дар ноҳияи Шоҳмансур дастгир кардаанд.

Моҳира Муродова, модари репсарои ҷавон, гуфт, кормандони милиса либоси расмӣ надоштанд ва писараш онҳоро нашинохта, баҳс кардааст.

Ба гуфтаи Муродова, вақте писараш ду нафари ношиносро дар назди даромадгоҳи бино мебинад, аз онҳо мақсадашонро мепурсад ва суҳбаташон ба баҳс мепечад. Маъмурони милиса гуфтаанд, рэпсаро ба кори онҳо халал расонд.

Рамазон Муродов ё «Ралик» дар бораи мушкили ҷавонон ва ошиқӣ рэп месарояд ва онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button