Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар Покистон чаҳор афсари пулисро куштанд

Дар Покистон афроди мусаллаҳ бо тирандозӣ чаҳор афсари пулисро кушта ва ду нафари дигарашонро маҷруҳ кардаанд.

Мақомоти пулис рӯзи 10-уми сентябр гуфтанд, ҳамла ба афсарони пулис, ки як мансабдори маҳаллиро дар минтақаҳои осебдида аз обхезӣ ҳамроҳӣ мекарданд, дар ҳамин руз дар ноҳияи ноороми Танк дар Вилояти Хайбар Пахтунхоҳ сурат гирифтааст.

Сауд Маҳсуд, як хабарнигори мустақил ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурони пулис Саддом Ҳусайнхон Битниро ҳамроҳӣ доштаанд. Обхезӣ дар Покистон то ҳол бештар аз 1300 нафарро кушта ва ба 33 миллион нафари дигар зарар расонидааст.

Пулис гуфт, ки ҳамлаварон фирор кардаанд ва ҳеч гуруҳе масъулияти ҳамларо бар уҳда нагирифтааст. Моҳи август дар ноҳияи Танк ду маъмури пулис, ки гуруҳи табибонро ҳамроҳӣ мекарданд, кушта шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button