Хабарҳо

29 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК СОКИНИ РУСТАБОРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ҚАСДИ ТАҶОВУЗ ВА КУШТОРИ ДУХТАРИ НОБОЛИҒ

29 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК СОКИНИ РУСТАБОРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ҚАСДИ ТАҶОВУЗ ВА КУШТОРИ ДУХТАРИ НОБОЛИҒ

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сокини рустабори пойтахти Тоҷикистон Владимир Шерстнёвро бо ҷурми қасди таҷовуз ба номус ва куштори бераҳмонаи як духтари ноболиғи зери синни 14 ба 29 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, Шерстнёв Владимир Илйич 28 феврали соли 2022, дар кӯчаи А. Қаҳҳоров, бинои 149, тахминан соати 12:00 ба назди ноболиғ Ғоибназарова М. М., ки дар дигар ҳуҷра истироҳат мекард, омада, пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ намуданро мекунад. Ғоибназарова М.М. ба ӯ ҷавоби рад медиҳад, вале Шерстнёв В.И. ором нашуда, боз 2 адад спирти 70 %- ро нӯшида, дар ҳолати мастӣ, бо истифодаи зӯроварӣ қасди таҷовуз ба номуси хурдсол Ғоибназарова М.М.-ро менамояд.

Бинобар муқобилияти зиёд нишон додани Ғоибназарова М. М. ин амалашро Шерстнёв В.И. то ба охир ба анҷом расонида натавониста, ба ғазаб омада, дар ботинаш қасдӣ аз ҳаёт маҳрум кардани номбурда ба вуҷуд омада, бо мақсади содир намудани куштор, дастони ӯро бо пой ва дасташ дошта, бо дасти чапаш ноболиғ Ғоибназарова М.М.-ро буғӣ карда, ба қатл мерасонад. Баъдан либосҳои аз танаи марҳум Ғобиназарова М.М.-ро кашидаро бо худ гирифта, ҷасадро дар зери кӯрпачаҳо пинҳон намуда, дари хонаро маҳкам карда, ба самти корхонаи сабзазоркунӣ рафта, либосҳои марҳумро дар онҷо партофтааст. Худаш бошад дигар ба ин манзил нарафтааст… ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷасади Ғоибназароваро танҳо баъди 10 рӯз, рӯзи 9 март пайдо кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button