Хабарҳо

“СОМОН ЭЙР” БОЗ ЯК ҲАВОПАЙМОИ “БОИНГ” ОВАРД ВА ОНРО БА НОМИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ГУЗОШТ

“СОМОН ЭЙР” БОЗ ЯК ҲАВОПАЙМОИ “БОИНГ” ОВАРД ВА ОНРО БА НОМИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ГУЗОШТ

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” санаи 8-уми сентябри соли 2022 инак дуюмин ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуд, шумораи ҳавопаймоҳои худро ба 6 расонд. Ҳавопаймо аз 189 курсии эконом класс иборат буда, бо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум унвонгузорӣ шудааст. Санаи 7 сентябр ширкати ҳавопаймоӣ дар фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймои Боинг 737-800-ро муаррифӣ кард. Роҳбари «Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев гуфт, ки ҳавопаймоҳои гирифташуда ба тавсеаи шабакаи парвозҳо — зиёд гардидани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои амалкунанда ва роҳандозии хатсайрҳои нав, ҳамчунин беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо мусоидат хоҳад кард.

Ин алакай дуюмин ҳавопаймоест, ки “Сомон Эйр” рӯзҳои ахир ворид мекунад. Ширкати ҳавопаймоӣ санаи 30-юми августи соли 2022 як ҳавопаймои Boeing 737-800-ро вориди Душанбе намуд. Ҳавопаймо номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро гирифт. Ҳарду ҳавопаймоҳо дар асоси лизинги амалиётӣ аз яке аз бузургтарин ширкатҳои лизингӣ — ACG (Aviation Capital Group) гирифта шудаанд. Бо дарёфти ҳавопаймоҳои нав шумораи ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар маҷмӯъ ба шаш адад мерасад — ду ҳавопаймои Боинг 737-900 ва чаҳор ҳавопаймои Боинг 737-800.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button