Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Аз ҳомиладории сунъӣ то пули бештар: Вазири тоҷик дастовардҳои замони истиқлолро гуфт

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон саломатии мардум ба ҳадафҳои стратегӣ табдил ёфта, ташхису табобати шаҳрвандон осон шудаст, мегӯяд вазир

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Маблағгузории соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар 31 соли соҳибистиқлолӣ аз 956 ҳазор ба 2,88 млрд расонда шуд.

Ин нуктаро Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни номбар кардани дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ дар суҳбат бо «Ховар» баён доштааст.

Ба гуфтаи вазир дастовардҳои олимони тибби тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ воқеан назаррас мебошад.

«Махсусан, аз ҷониби олимони тибби тоҷик дар ин давра бори аввал ҷумҳурӣ ба муайян намудани сабабҳои пайдоиши сиррози ҷигар, гепатити музмин ва саратони гепатоселюлярӣ дар сатҳи тағйироти генетикӣ ноил гашт», — изҳор дошт вазир.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button