Хабарҳо

АҚДИ НИКОҲИ МАНИЖА НИКОҲИ МАНИЖА ВА ЛАДО КВАТАНИЯ ДАР КАНОРИ МАСКАВ

Овозхони машҳури тоҷику рус Манижа шоми 6 сентябри соли 2022 ба коргардон Ладо Кватания ба шавҳар баромад. Дар ин бора бо нашри чанд акси ихтисосӣаз маросими ақди никоҳи онҳо журналисти рус Ксения Собчак дар Telegram-каналаш хабар дод. Манижа дар ин аксҳо бо либоси арӯсӣ дида мешавад. Маросими ақди никоҳи онҳо дар Николиная Гора, деҳаи дар тақрибан 30-километрии ғарби шаҳри Маскав доир шудааст.

Манижа 31 сол дошта, дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ соли 2021 ба намояндагӣ аз Русия дар озмуни муътабари “Евровидение” иштирок кард ва дар байни 41 довталаб ҷои 9-умро гирифт.

Ксения Собчак дар гузориши мустақимаш аз маросими ақди никоҳ навиштааст, ки Манижа ва Кватания дар Николиная Гора ба ангуштони ҳамдигар ангуштарин андохтанд.

Ӯ бо орзуи хушбахтии бузург ба ҷуфти ҷавон навишт: “Маросим анҷом ёфт, муҳрҳо зада буданд, ишқ пирӯз мешавад!”

Манижа моҳи ноябри соли 2021 хабар дод, ки аз марди дӯстдоштааш пешниҳоди издивоҷ гирифтааст ва ба шавҳар мебарояд. «Ман гуфтам, ки ҳа», — навиштааст Манижа бо нашри аксе, ки дар он дар ангушташ ангуштарини никоҳӣ андохтааст.Ладо Кватания муаллифи консепсияи шунарнамоии Манижа дар “Евровидение” бо таронаи “Russian Woman” буд ва барои дастгирии овозхон ба Ҳолланд ҳам омада буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button