Хабарҳо

ДОИШ МАСЪУЛИЯТИ ҲАМЛА БА САФОРАТИ РУСИЯ ДАР КОБУЛРО БА ДӮШ ГИРИФТ

Шоми 5 сентябри соли 2022 гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДОИШ), ки дар Тоҷикистон низ созмони террористӣ шинохта шудааст, масъулияти таркиш дар назди сафорати Русия дар Кобул, пойтахти Афғонистонро бар дӯши худ гирифт. Дар изҳороти ин гурӯҳ гуфта мешавад, ки як ҷангҷӯи ДОИШ “тасмаи интиҳориро дар байни издиҳоме, ки дар байнашон кормандони сафорати Русия низ буданд, тарконд”. ДОИШ дар ҳоле масъулияти боз як ҳамлаи маргталабона дар пойтахти Афғонистонро ба уҳда гирифт, ки ҳаракати тундрави Толибон, ки як сол боз ҳукуматро дар ин кишвари ҷангзада ба дасти худ гирифтааст, ахиран иддао карда буд, ки “ДОИШ дар Афғонистон тақрибан ба пуррагӣ нобуд карда шуд ва дигар таҳдиде эҷод карда наметавонад”.

Ҳамла ба сафорати Русия нахустин ҳамла ба як сафоратхонаи хориҷӣ дар Кобул дар як соли дар Афғонистон ба қудрат расидани Толибон аст.

Бино ба гузоришҳо, бар асари таркише, ки субҳи 5 сентябр, соати 10:50 ба вақти Кобул рух дод, дастикм 6 нафар, аз ҷумла ду корманди сафорати Русия ва 4 шаҳрванди Афғонистон кушта шуданд. Ин афғонҳо ба хотири супурдани ҳуҷҷатҳояшон барои гирифтани визаи Русия ба сафорат омада буданд. Ду корманди кушташудаи сафорат онҳое буданд, ки он лаҳза барои гирифтани асноди овардаи довталабони виза пеши дарвозаи сафорат баромада буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button