Хабарҳо

ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ 100 ОИЛАИ ГУРЕЗАҲО УРДУГОҲ СОХТАНД

Рӯзи 1 сентябри соли 2022 дар ҳудуди яке аз воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон маросими супурдани нуқтаи будубоши муваққатии паноҳандагони эҳтимолӣ баргузор шуд. Паноҳгоҳи дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ сохташуда барои наздик ба 100 оилае пешбинӣ шудааст, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ аз ҷову макони худ маҳрум мешаванд. Ин урдугоҳ бо хаймаҳо, зарфҳо барои ошхона, зарфҳои барои об, батареяҳои офтобӣ, васоили хоб, оби нӯшокӣ, қувваи барқ, душ ва ҳоҷатхонаву дигар воситаҳои барои рӯзгузаронӣ зарур таъмин карда шудааст.

Дар хабар дар бораи паноҳҷӯёни афғон чизе гуфта нашудааст, вале тасмими созмонҳои байналмилалӣ барои сохтани урдугоҳ барои паноҳҷӯён дар ҷануби Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Афғонистон вақте гирифта шуд, ки моҳи августи соли 2021 ҳукуматро дар Афғонистон ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон ба дасти худ гирифтанд. Он вақт интизор мерафт, ки дар пайи ба қудрат расидани Толибон аз Афғонистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба кишварҳои ҳамсояе, чун Тоҷикистон, мавҷи бузурги паноҳҷӯён сарозер хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button