Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Орди Қазоқистон дастрастар мешавад: кишвар манъи содиротро лағв мекунад

Бузургтарин тавлидкунандаи ғалла дар Осиёи Марказӣ дар авоили тирамоҳи соли ҷорӣ маҳдудиятҳои қаблан ҷорӣшуда барои содироти орд ва ғалларо лағв мекунад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Қазоқистон маҳдудиятҳои содироти гандум ва ордро лағв мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти кобинаи вазирони ҷумҳурӣ.

Маҳдудиятҳо аз 10 сентябр бардошта мешаванд.

Вазорати кишоварзии ин кишвар қайд кардааст, ки дар мавсими имсола ҳосили хуби ғалла дар назар аст.

«Имсол ҷамъоварии беш аз 13 миллион тонна гандум дар назар аст, ки нисбат ба ҳосили соли гузашта 12 фоиз зиёд аст», — гуфт манбаъ.

Маврид ба зикр аст, ки вазорат дар моҳи апрели соли равон содироти гандум ва ордро маҳдуд карда буд. Баъдан чунин тасмимро бо мулоҳизаҳои ҳифзи бозори дохилӣ шарҳ доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button