ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ифтитоҳи бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Дар Душанбе дар Рӯзи дониш бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ифтитоҳ шуд

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои таълимии навбунёди донишгоҳ аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна иборат буда, барои фаъолияти маъмурият ва таълими донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки дар партави дастури Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи таълимӣ “Маркази омӯзиши симулятсионӣ” таъсис дода шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button