Хабарҳо

ДАР ИСФАРА МОДАРУ ПИСАР БА “КИЛЛЕР” КУШТАНИ 3 НАФАРРО ФАРМОИШ ДОДААНД

Раёсати корҳои дохили вилояти Суғд аз ошкор ва пешгирӣ шудани якбора се ҷинояти одамкушӣ хабар дод ва гуфт, як зани 52-солаи сокини ҷамоати Кӯлканд дар канори шаҳри Исфара ва фарзанди ӯ бо иттиҳоми фармоиши қатли 3 нафар ва ҷалби “киллер” барои анҷоми ин қатлҳо дастгир шудаанд. Акбар Шарифӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар нашри навбатии барномаи “Милитсия хабар медиҳад” хабар дод, ки Мағфират Қодирова, соли таваллудаш 1970 ва писари ӯ Неъматҷон Валиев ба як нафар барои куштани бародари шавҳараш Абдусалом Валиев, соли таваллудаш 1964, ва ҳамсари ӯ Мунира Мадаминова, соли таваллудаш 1965, сокинони ҷамоати Кӯлканд, ҳамчунин куштани як зани сокини шаҳри Хуҷанд 5 ҳазор доллар ваъда додаанд. Ин зан аз Хуҷанд, ки мебоист кушта мешуд, ҳамсари 35-солаи марде буд, ки Мағфират Қодирова бо вуҷуди зинда, вале дар маҳбас будани шавҳараш, бо ин мард равобити ошиқона доштааст.

Тавре аз сабтҳои фаврии нашршуда бармеоянд, кормандони бахши кофтукови ҷиноятии РВКД вилояти Суғд барои боздошти фармоишгарон қатли якбора се нафар бо сохтани ҳолати сунъии куштор амалиёти мураккаби фаврию тафтишотиро ба роҳ андохтаанд. Онҳо аз ҷумла ба сару рӯи онҳое, ки бояд кушта мешуданд, ранги сурхи монанд ба хун рехта, онҳоро бо сару тани хунолуд ва дастҳои баста дар бордони як мошини сабукрав андохтаанд ва “киллер” дар ҳамин ҳолат онҳоро акс гирифта, ба фармоишгарон фиристодааст ва аз иҷро шудани фармоишашон хабар додааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button