Хабарҳо

ҲАБСИ РОНАНДАИ ТАКСӢ БАРОИ БА ТАЛБАНДАГӢ ҶАЛБ НАМУДАНИ ПИРАЗАНИ МАЪЮБ

ҲАБСИ РОНАНДАИ ТАКСӢ БАРОИ БА ТАЛБАНДАГӢ ҶАЛБ НАМУДАНИ ПИРАЗАНИ МАЪЮБ

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе рӯзи 30 августи соли 2022 хабар дод, ки Умед Исоев ном ронандаи такси барои ба талбандагӣ ҷалб кардани як пиразани маъюб ва “ҳақ” ё “доля” бастани ин пиразани талбанда ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд. Гуфта мешавад, дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Исоев Умед Ҳоҷимуродович, санаи таваллудаш 18.02.1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел», рақамҳои қайди давлатиаш 24 40 ТТ 07, як пиразани маъюби гурӯҳи 1-умро барои талбандагӣ ҷалб намудааст.

“Номбурда тавассути автомашинаи худ ҳар рӯз пиразани ҳамдеҳаашро барои ба талбандагӣ машғул гардидан ба шаҳри Душанбе меовардааст. Зимни пурсиш муайян гардид, ки Исоев Умед ҳамарӯза қисмати зиёди маблағҳои бо ин роҳ ба даст овардаи пиразанро аз они худ намуда, қисмати каме аз онро ба худи пиразан медодааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи милитсия.

Милитсия Душанбе мегӯяд, “аз ҷониби афроди ҷисман солим ба талбандагӣ ҷалб намудани шахсони имконияташон маҳдуд, воқеан берун аз оини инсониву ҷавонмардист».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button