Хабарҳо

ФОҶИА БОЛОИ ФОҶИА: СЕ МУҲОҶИРИ ДИГАРИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ САМАРА ҶОН БОХТАНД

ФОҶИА БОЛОИ ФОҶИА: СЕ МУҲОҶИРИ ДИГАРИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ САМАРА ҶОН БОХТАНД

Субҳи 29 августи соли 2022, соати 07:30, дар ҳудуди ноҳияи Сизрани вилояти Самараи русия дар километри 925-уми шоҳроҳи М5 “Урал” дар натиҷаи ба як фураи тамғаи “MAN” бо қариб 20 тонна орд бархӯрдани мошини сабукрави тамғаи “Киа-Рио” се мусофири мошини сабукрав ҷон бохта, ронанда ва як мусофири дигарашро бюо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ кардаанд.

Ба гуфтаи кормандони пулис, ронандаи “Киа” ба сабабҳои ҳанӯз номаълум ба самти муқобили роҳ баромада, ба фураи пур аз орд бархӯрдааст.

Ҳомии ҳуқуқ Каримҷон Ёров дар Фейсбук хабар дод, ки қурбониёни ин садама дар ноҳияи Сизран ҳама аз Тоҷикистонанд. Ӯ номи 4 нафари онҳоро нашр кард:

1. Очилдиев Холбой Файзуллоевич (2002), ноҳияи Носири Хусрав,

2. Шукуров Садирдин Ёрибекович (1977), ноҳияи Шаҳритӯс,

3. Зиёдалиев Аббосҷон Мақсудович (2002), ноҳияи Носири Хусрав,

4. Сангаков Садурдин Наҷмудинович (2002), ноҳияи Рашт.

Чунин ба назар мерасад, ки онҳо барои аз марзи Қазоқистон гузаштану сипас боз ба Русия баргаштан аз вилояти Маскав ба самти Самара мерафтанд.

Ёдовар мешавем, дар чанд соати ахир ин алакай дуюмин садамаи пурқурбонии муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст. Тавре қаблан хабар додем, шоми 28 августи соли 2022, соати 20:11, бар асари ба фураи тамғаи “Мэн” бархӯрдани мошини сабукрави тамғаи Chevrolet Lano дар дохили базаи меваю сабзавоти маъруф бо номи “Софийская овощебаза” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия се ҷавони тоҷик ба ҳалокат расида, дуи дигарро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button