Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Путин аз таъсиси марказҳои мутобиқшавии муҳоҷирон пуштибонӣ кард

Президенти Русия гуфт, аз пешниҳоди таъсиси марказҳои мутобиқшавии муҳоҷирон ба кору зиндагӣ дар Русия ҷонибдорӣ мекунад.

Владимир Путин гуфт, дар кишварҳое ба мисли Тоҷикистону Қирғизистон зарурати ташкили муассисаҳоеро кайҳо пуштибонӣ мекунанд, ки “корашон аз шарҳу тавзеҳи қонун ва қоидаҳои зиндагӣ дар Русия барои шаҳрвандони ҷӯёи кор иборат мебошад”.

Матбуоти расмии Русия хабар дод, ки пешниҳоди ташкили марказҳои мутобиқшавӣ барои зиндагӣ дар Русия дар суҳбати президенти ин кишвар бо Игор Баринов, раиси Оҷонсии федеролии умури миллатҳо, садо додааст.

Сайти Кремлин менависад, Баринов ба Путин гуфтааст, барои иқтисоди Русия нерӯи кории хориҷӣ зарур аст, дар ҳоле ки мавҷи азими хориҷиҳо “метавонанд, вазъи қавмию фарҳангии” кишварро дигар кунанд ва ин чиз хатари ба вуҷуд омадани анклав ва афзоиши ҷинояткориҳои қавмӣ шавад.

Ба хотири роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо, ба қавли Баринов, марказҳои мутобиқшавӣ метавонанд, дар баробари қонунҳо ба хориҷиҳо дар бораи расму анъанаҳо ва фарҳанги маҳаллии Русия маълумот, дода инчунин ба онҳо ёрии ҳуқуқию равонӣ пешниҳод кунанд.

Русия солҳои охир ва бахусус баъди шурӯи ҷанги беасосаш алайҳи Украина талош дорад, аз ҳисоби ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ ҳарчи бештар шумори шаҳрвандонашро афзоиш диҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button