Хабарҳо
СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДУШАНБЕ, ВАРЗОБ ВА СЕБИСТОНИ ДАНҒАРА

Шоми 22-юми август, соати 20:30 бар асари бархӯрди ду мошини “Мерседес” ва “Опел Астра” дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе ронандаи “Опел” ҷон бохта, ронандаи “Мерседес” захмӣ шудааст.
Шаби 22-юми август, соати 22:00, як сокини 50солаи ноҳияи Варзоб дар зери мошини тамғаи “Варио” монда, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш, дар беморхона ҷон додааст.
Рӯзи 23-юми август, соати 13:30, бар асари бархӯрди ду мошини “Опел Зефира” ва “Опел Астра” дар ҳудуди ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара ронандаи “Опел Астра” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони “Опел” ҷароҳат бардоштаанд.