Хабарҳо

Сел дар шарқи Афғонистон 18 кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт

Дар як ҳафтаи гузашта дасти кам 31 нафар бар асари омадани се дар вилоятҳои шарқии Нангарҳор, Нуристон ва Лағмон ҷони худро аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Сели азим дар шаҳристони Аляшанги шарқи Афғонистон боиси марги ду зан ва як кӯдак гардид, хабар медиҳад “Pars Today”.

Волии толибон дар Лағмон, қорӣ Зайналубиддин марги ду зану кӯдакро бар асари офати табиӣ тасдиқ намуда, афзудааст, ки сел 250 хонаи истиқоматиро низ ба таври комил ва ё қисман тахриб намуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷорӣ шудани сел дар вилояти Майдонвардак низ 30 хонаро вайрон кард. Ҳамчунин офати табиӣ дар ноҳияи ҳафтуми шаҳри Ҷалолобод маркази вилояти Нангҳор, ҷодаи Кобул-Ҷалолободро хароб намуд.

Бояд гуфт, дар зарфи як ҳафтаи гузашта дар вилоятҳои шарқии Нангарҳор, Нуристон ва Лағмон дасти кам 31 нафар бар асари омадани сел қурбон шуданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи май бар асари сарозер шудани селобҳо дар 12 вилояти Афғонистон дастикам 22 тан ҷон бохта, 18 нафар захмӣ шуду, ҳафт каси дигар нопадид шуданд.

Он замон Вазорати давлатии идоракунии офатҳои табиӣ хабар дод, ки дар 12 вилоят 19 хона пурра хароб ва 261 хона қисман тахриб гардиданд.

Инчунин 500 гектар замин ва чор роҳ осеб дида, 120 сар чорво нобуд шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button