ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тағйироти кадрӣ дар КДАМ Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дода, мақомдорони навтаъйинро дастур дод

ДУШАНБЕ, 19 авг – Назарзода Турабек Камол муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ таъйин гардид.

Фармон дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кардааст.

Бо фармони дигар Мирзозода Сафаралӣ Раҳим аз вазифаи муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод гардид.

Далели барканории Мирзозода гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо тафсилоти дигар зикр нагардидааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин Назирзода Сафаралиро муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button