ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Сардори пешини ШКД-и Хоруғ муовини вазир шуд: тафсилоти вазифагирии генералу полковникҳо

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тафсилоти тағйироти кадриро, ки дар мувофиқа бо президент Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудаанд, ироа намуд

ДУШАНБЕ, 17 авг —  Полковник Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ қаблан сардори ШКД дар шаҳри Хоруғ буд.

Ба иттилои ВУД, ҳамчунин генерал-майор Насимзода Акбар Ғиёс ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъйин шуд.

Инчунин полковники милитсия Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро гирифтааст.

Шарифзода Темур Икром ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъйин шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button