ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Эмомалӣ Раҳмон муовинони нави вазири умури дохилиро таъйин кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури ду қарор, Акбар Насимзода ва Абдураҳмон Муборакқадамзодаро муовинони нави вазири корҳои дохилӣ таъйин кардааст.

Қарорҳои раиси ҷумҳур дар бораи таъйиноти нав дар вебсайти расмии президент рӯзи 17-уми август нашр шуд. Акбар Насимзода то кунун дар мақомҳои гуногуни вазорат ва аз ҷумла сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон як ниҳоди тобеи вазорат, кор кардааст.

Абдураҳмон Муборакқадамзода дар гузашта, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд будааст. Маълум нест, ин ду нафар ҷойгузини кадоме аз муовинони Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон шудаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ин ду муовин ва чанд нафари дигар, ки ба мақомҳои раҳбарии вазорат таъйин шудаанд, доир ба таъмини суботу амният, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳое, ки ба зиндагии осудаи мардум хатар доранд, суҳбат кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button