Хабарҳо

Путин гуфт, Русия омода аст ба ҳампаймонҳояш навтарин силоҳҳоро диҳад

Раисҷумҳурои Русия мегӯяд, бисёр аз намунаҳои аслиҳаи руси назирашон дар хориҷ нест ва омода аст, ба ҳампаймонҳояш навтарин сохти онҳоро диҳад

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки Русия равобити қавӣ бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқоро қадр мекунад ва омода аст муттаҳидон ва шариконашро бо навъҳои муосиртарин силоҳ таъмин кунад.

«Русия муносибатҳои таърихии қавӣ, дӯстона ва воқеан боэътимодро бо кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Осиё ва Африқо самимона қадр мекунад ва омода аст, ки навъҳои муосири аслиҳаро таъмин намояд», — гуфт, раисиҷумҳури Русия дар намоишгоҳи «Армия 2022».

Ба гуфтаи Путин Русия метавонад ба шариконаш аз яроқу аслиҳаи сабук cap карда, то мошинҳои зиреҳпӯш, аслиҳаи тупхонаӣ, тайёраҳои ҳарбӣ ва дронҳои бесарнишинро пешниход кунад.

Путин: Русия ҳампаймонҳои зиёде дорад, ки назди гегемония хам намешаванд

17:30

Ба таъкиди ӯ, тақрибан ҳамаи навъҳои аслиҳаи Русия, ки барои содирот пешниҳод шудаанд, борҳо дар амалиёти воқеии ҷангӣ истифода шудаанд.

«Дар тамоми ҷаҳон онҳо дар байни мутахассисони ҳарбӣ барои эътимоднокӣ, сифат ва аз ҳама муҳим — самаранокии хуб баҳои балан гирифтаанд. Тақрибан ҳамаи онҳо борҳо дар амалиёти воқеии ҷангӣ истифода шудаанд”, — гуфт Путин.

Владимир Путин афзуд, ки бисёре аз намунаҳои аслиҳаи русӣ аз ҳамтоёни хориҷии худ даҳсолаҳо пеш гузаштаанд ва аз лиҳози хусусиятҳои тактикӣ ва фаннӣ хеле бартарӣ доранд.

Ӯ гуфт, намунаҳо ва системаҳои ояндадори барои минбаъд нигаронида шудаанда, ояндаи қувваҳои мусаллаҳро муайян мекунанд, махсусан ҷолибанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button