Хабарҳо

Президенти Узбекистон бо даъвати шоҳ ба Арабистони Саудӣ меравад

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 17 ва 18 август бо даъвати шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд сафари давлатиеро ба Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.

Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов 15 август гуфт, тибқи барномаи ин сафар, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар баргузор ва дар он масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Риёзу Тошканд баррасӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Асадов, «дар ҷараёни сафари Мирзиёев имзои бастаи бузурги санадҳои дуҷониба дар бораи “иқтисоди сабз”, технологияҳои баланд, рақамисозӣ, навоварӣ, тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ дар назар аст».

Президенти Узбекистон ҳамчунин аз шаҳрҳои Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ боздид хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button