Хабарҳо

НАХУСТИН ҚАТОРИ МУСОФИРБАР АЗ КӮЛОБ РОҲИИ ВОЛГОГРАДИ РУСИЯ ШУД

Шаби 16 августи соли 2022, соати 00:10 ба вақти маҳаллӣ аз вокзали роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон нахустин қатори мусофиркаш дар якуним соли охир ба самти шаҳри Волгогради Русия ба роҳ баромад. Ба ин тартиб, иртиботи байни Русияву Тоҷикстон тавассути қаторҳои мусофиркаш, ки аз моҳи марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, дигарбора барқарор гардид.

“Шаби 16 август, соати 00:10, нахустин қатор аз Кӯлоби Тоҷикистон ба самти Волгогради Русия ба роҳ баромад ва рӯзи ҷумъа, 19 август ба онҷо мерасад», — хабар додаанд ба хабаргузории русии ТАСС дар маъмурияти вокзали роҳи оҳани Душанбе, пойтахти Тоҷикистон. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати ин хабаргузорӣ, қатори нахустин аз 13 вагон бо беш аз 600 ҷои нишаст иборат буд ва тамоми чиптаҳояш фурӯхта шуданд. Нархи сафар дар вагони платскарт 1410 сомонӣ (наздики 140 доллар) муқаррар шудааст. Нархи купе каме бештар аст – ҳудуди 2 ҳазор сомонӣ (қариб 200 доллар).

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати ТАСС, «27 август ва 7 сентябр ба самти Волгоград аз Душанбе ва Хуҷанд низ ду қатори дигар ба кашондани мусофирҳо оғоз мекунанд ва фурӯши чиптаҳо ба ин ду хатсайр низ алакай шурӯъ шудааст”. Ӯ афзуд, мусофирони роҳии Русия аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ метавонанд дар роҳ ба ин қатор савор шаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button