Хабарҳо

ЯК МАРДИ ТОҶИК БАРОИ НИКОҲИ ҚАЛБАКӢ БА ЯК ЗАН ДАР РУСИЯ 15 ҲАЗОР РУБЛ ДОДААСТ

Хадамоти матбуоти додситонии кишвари Зайкалйе хабар дод, ки дар шаҳри Нерчинск, маркази ноҳияи ҳамноми ин минтақаи дурдасти Русия никоҳи як шаҳрванди Тоҷикистонро бо як зани маҳаллӣ қалбакӣ дониста, бекор кардаанд. Нерчинск бо 15 ҳазор аҳолӣ шаҳрест дар тақрибан 260-километрии шарқи шаҳри Чита, маркази Забайкалйе ва ягон 400 километр дурт аз марзи Русия бо Чин ва Муғулистон. Аммо аз Тоҷикистон барои расидан то Нерчинск беш аз 6200 километр роҳро бояд пушти сар гузошт!

Бино ба иттилои додситонӣ, дар додгоҳ марди тоҷик ва ҳамсараш пойфишорӣ кардаанд, ки якдигарро дӯст дошта, оилаи мустаҳкаме барпо кардаанд. Вале кормандони додситонӣ тавонистаанд исбот кунанд, ки никоҳи онҳо қалбакӣ буда, марди тоҷик ба зани маҳаллӣ барои ақди никоҳ бо ӯ 15 ҳазор рубл додааст. Ба ақидаи тафтишот, шаҳрванди Тоҷикистон мақсади бо ин зан якҷоя зистану пеш бурдани хоҷагии муштарак надошт ва танҳо мақсадаш аз ин ақди никоҳ ба даст овардани ҳаққи иқомат ва бар асоси он шаҳрванди Русия шудан будааст.

Дар ниҳоят, додгоҳи Нерчинск никоҳи марди тоҷикро бо ин зани маҳаллӣ бекор кардааст.

Ин нахустин мавриди ба ақди никоҳҳои қалбакӣ айбдор шудани зодагони Тоҷикистон дар Русия нест. Муҳоҷирони зиёде дар Русия ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани ҳаққи иқомат ва дар оянда ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз никоҳ бо сокинони Русия, аз ҷумла аз никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Дар ин авохир додгоҳҳои Русия даҳҳо никоҳи шаҳрвандони Русия бо муҳоҷирони хориҷиро қалбакӣ дониста, бекор кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button