Хабарҳо

ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН СӮҲРОБ ҲОҶИМАТОВ БА ЯК МАНСАБИ БАЛАНД ДАР СОЗМОНИ МИЛАЛ ТАЪЙИН ШУД

Хадамоти матбуоти Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН, UNDP) рӯзи 14 августи соли 2022 хабар дод, ки зодаи Тоҷикистон Сӯҳроб Ҳоҷиматов ба мансаби муовини Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милал дар Қазоқистон, аз лиҳози масоҳат бузургтарин ва аз лиҳози зарфиятҳои иқтисодӣ қавитарин кишвари Осиёи Марказӣ, таъйин шудааст. Солҳои охир Ҳоҷиматов муовини раиси дафтари ин созмон дар Туркия ва роҳбари Барномаи рушди Созмони Милал дар Озарбойҷон буд.

Сӯҳроб Ҳоҷиматов беш аз 25 сол таҷрибаи кор дар масоили рушд ва раҳбарии лоиҳаҳо дар созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои давлатӣ ва дар бахши хусусиро дорад.

Сӯҳроб Ҳоҷиматов риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм карда, баъдан дар Донишгоҳи умумирусиягии адлия дар шаҳри Маскав ва коллеҷи миллии додгоҳии Невадаи Амрико таҳсил кардааст.

Ӯ собиқаи кориашро ба ҳайси муфаттиш дар Додситонии кулли Тоҷикистон оғоз кард, вале хеле зуд ба созмонҳои байналмилалӣ гузашт — Сӯҳроб Ҳоҷиматов чандин сол дар мақомҳои раҳбарӣ дар тарҳҳои USAID (Агентии рушди байналмилалии Амрико) оид ба рушди ҳуқуқию иқтисодӣ дар Тоҷикистон кор кард ва сипас ба ПРООН — Барномаи рушди Созмони Милал гузашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button