Хабарҳо

Маъмурони амниятии Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико, ки аввали ҳафта хонаи раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трампро ҷустуҷу карданд, аз онҷо 11 бастаи санадҳои махфӣ, аз ҷумла санадҳои бисёр муҳимеро берун овардаанд.

Маъмурони амниятии Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико, ки аввали ҳафта хонаи раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трампро ҷустуҷу карданд, аз онҷо 11 бастаи санадҳои махфӣ, аз ҷумла санадҳои бисёр муҳимеро берун овардаанд.

Дар ин бора вазорати адлияи Амрико рӯзи 12-уми август хабар дод. Вазорат ҳамчунин гуфт, ки ҷустуҷуи хонаи Доналд Трамп ба сабаби риоят накардани эҳтимолии Қонун дар бораи ҷосусӣ аст, ки ҳифзи ғайриқонунӣ ва ё берун овардани асрори амнияти миллӣ аз муассисаҳои давлатии Амрикоро манъ кардааст.

Маъмурони амниятӣ рӯзи 8-уми август ва бо дастури додрас хонаи Доналд Трамп дар аёлати Флоридаро ҷустуҷу карданд. Вазорати адлия ба додгоҳ гуфтааст, эҳтимолан Доналд Трамп Қонун дар бораи ҷосусиро помол кардааст ва барои ҳамин бояд иҷоза бидиҳад, то хонаи ӯро кофтуков кунанд.

Маъмурони Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико аз қароргоҳи Мар-а-Лагои Доналд Трапм дар умум 20 қуттиро берун овардаанд. Баъзе санадҳо муҳри комилан махфӣ, доштаанд, ки бояд дар муассисаҳои пӯшида нигаҳ дошта шаванд. Доналд Трамп рӯзи 12-уми август гузориши Вашингтон Постро “бофта” номид, ки навишт, баъзе санадҳо дар бораи аслиҳаи атомӣ будаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button