Хабарҳо

Вазири тоҷик бо намояндаи фаластиниён ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст

Сироҷиддини Муҳриддин бо намояндаи Фаластиниён доир ба ҳамкориҳои дуҷониба суҳбат кардааст.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо як ҳайати фаластинӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва иҷрои тарҳҳои иқтисодиро баррасӣ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 12-уми феврал бо нашри як баёнияи кутоҳи расмӣ гуфт, дар ҷараёни мулоқот бо ҳайати фаластинӣ, ки онро Имод Зуҳайрӣ мудири Оҷонси ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Фаластин раҳбарӣ мекард, “вазъи кунунии Фаластин ва минтақа, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ҳамкорӣ дар самти иҷрои лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва кишоварзӣ бо ҳимояти ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. “

Дар баёния аз ин бештар чизе гуфта нашудааст, вале мулоқот баъди муноқишаҳои ҷиддӣ байни фаластиниён ва Исроил сурат мегирад. Дар даргириҳои се рӯза дар ҳафтаи гузашта даҳҳо нафар фаластинӣ кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар аз Исроил ҷароҳат бардоштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button