Хабарҳо

АКСИ РӮЗ: ИСТГОҲИ ЛОИҚ ДАР ДЕҲАИ ҒӮСАРИ ПАНҶАКЕНТ

Журналисти ҷавону шинохтаи тоҷик Одил Нозир дар саҳифааш дар Фейсбук акси истгоҳеро дар деҳаи Ғӯсар дар канори шаҳри Панҷакент нашр кардааст. Ин истгоҳро “Истгоҳи Лоиқ” ном гузошта, деворҳои шишагини онро бо аксҳои ин шоири забардаст ва пораҳое аз ашъори ӯ зиннат додаанд. Дар маркази ин истгоҳ, болои сари хараке, ки барои мусофирон гузоштаанд, дар паҳлуи акси шоир ин дубайтиро навиштаанд:

Шоири фарзонаро асру замон

Бар ниёзи хештан меоварад,

Модаре танҳо назояд шоире,

Халқ ӯро баҳри худ меофарад.

Паҳлуи он дубайтие аз Лоиқ дар васфи зебоиҳои зодгоҳаш дар паҳлуи акси шоир дар рӯи сабзаҳо ҳакокӣ шуда ва тарафи рости истгоҳро бо акси дигари Лоиқ Шералӣ бо порае аз шеъри шоҳкори ӯ Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам…” зиннат додаанд. Ҳамин тавр, дар паҳлуи чапи истгоҳ дубайтиеро навиштаанд, ки дар мазори Шоир дар оромгоҳи Лучоб низ ҳамин ду байт ҳаккокӣ шудааст:

Ман баъди ҳама завол меоям боз,

Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.

Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,

Аз баъди ҳазор сол меоям боз.

Бисёриҳо дар зери ин акс барои чунин ташаббуси олӣ ба мақомот ва мардуми Панҷакент, хоса ба аҳли Ғӯсар офарин хондаанд.

Шоири хубамон Раъно Зоирдухт аз ҷумла навиштааст, ки пеши панҷакентиҳо барои чунин арҷгузорӣ аз Шоир сари таъзим фуруд меорад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button