Хабарҳо

10 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ РОНАНДАИ “СПРИНТЕР” БАРОИ БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТИ ПИРАМАРДИ МУСОФИР

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе рӯзи 10 августи соли 2022 хабар дод, ки як ронандаи мошини “Мерседес Спринтер” барои беэҳтиромӣ нисбат ба як пирамард боздошт шуда, бо қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Санаи 6-уми августи соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба муносибатҳои дағалона бо мусофирон ва бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 0654АВ07 нашр гардид. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ амалҳои ронандаро маҳкум намуда, дар ин замина аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 0654АВ07, шаҳрванд Ғоибов Наҷибулло Раҳматуллоеивич, санаи таваллудаш 20.09.1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ мебошад.

Ваҷҳҳои дар муроҷитаи мазкур зикргардида пурра мавриди санҷиш қарор дода шуда, исботи худро ёфтаанд. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки рақамҳои қайди давлатии 0654АВ07, ки дар автомашинаи мазкур мавриди истифода қарор дошт, ба дигар нақлиёт тааллуқ дошта, шаҳрванд Ғоибов Наҷибулло дар баробари истифодаи рақамҳои қайди давлатии бегона ҳамзамон бе иҷозатномаи дахлдор ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button