Хабарҳо

РУСИЯ 13 ҶУСТУҶӮШАВАНДАРО БА ТОҶИКИСТОН СУПУРД (РӮЙХАТТИ ПУРРАИ НОМ БА НОМ)

Додситонии кулли Русия рӯзи 9 августи соли 2022 хабар дод, ки 13 нафари таҳти ҷустуҷӯро дар қаламрави Русия дастгир карда, барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашондан ба мақомоти Тоҷикистон супурдааст. Додситонии кулли Русия гуфт, дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди тин 13 нафарро қонеъ гардонда, қарори истирдоди ҳамаи онҳоро баровардааст ва дар пайи ин мақомоти Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (приставҳо) ин 13 нафарро бо риояи қонуну қавоиди лозим ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардаанд.

Дар байни ин 13 нафар аз ҷумла Зафар Қурбоналиев ба дуздии беш аз як миллион сомонӣ ва маблағҳои бузург бо асъори хориҷӣ аз “Тавҳидбонк”, ягона бонки исломии Тоҷикистон айбдор мешавад. Фармондеҳи взвод лейтенант Ҷом Гурезовро ба он айбдор мекунанд, ки макони хидматашро худсарона тарк кардааст. Муллоҳаким Султонов, бино ба иттилои додситонии Русия, узви фаъоли созмони террористии ДОИШ будааст. Аммо аксари истирдодшудаҳо, ба мисли Қурбоналиев барои қаллобӣ ба маблағҳои бузург дар ҷустуҷӯ қарор доштаанд.

Додситонии кулли Русия рӯйхатти пурраи ин 13 нафари ба Тоҷикистон истирдодшуда ва ҳамчунин нукоти асосии парвандаҳояшонро низ нашр кардааст

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button