УмумӣХабарҳоХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

Нархи чиптаҳои қаторҳои мусофирбари Тоҷикистону Русия маълум шуд

Вазорати нақлиёти кишвар мушаххасоти ҳаракат ва нархи қаторҳои мусофирбари Тоҷикистону Русияро эълон кард.

Ба иттилои ин ниҳод, равуои қатори мусофирбари хатсайри Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб аз 16 август оғоз меёбад. Нархи чиптаҳои ин хатсайр дар вагонҳои пластикӣ — 1580 сомонӣ ва дар вагонҳои купе — 2040 сомонӣ гуфта мешавад.

Манбаъ гуфт, қатори мусофирбари хатсайри Душанбе-Волгоград-Душанбе аз 27 август ба ҳаракат мепардозад. Чипҳатои ин масир дар вагонҳои пластикӣ — 1434 сомонӣ ва дар вагонҳои купе -1856 сомонӣ арзиш дорад.

Қатори хатсайри Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд 7 сентябр ба роҳ мебарояд.

Гуфта мешавад, ки нархи чипта дар хатсайри Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд дар мувофиқа бо кишварҳое, ки  қатора сарҳадҳояшонро убур мекунад, муайян карда мешавад.

Азсаргирии равуои қаторҳои мусофирбар ба самти Русия дар ҳолест, ки ҳаракати онҳо ду соли пеш ба далели бемории ҳамагири COVID-19 қатъ гардида буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button