Хабарҳо

НАРХИ ЧИПТАИ ҚАТОРИ РОҲИ ОҲАНИ КӮЛОБ – ВОЛГОГРАД ЭЪЛОН ШУД: ПЛАТСКАРТ – 1580, КУПЕ – 2040 СОМОНӢ

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи вижа дар сомонаи расмии вазорат нархи сафар бо қатори роҳи оҳан то Русияро эълон кард. Равуои қаторҳои мусофиркаш байни Тоҷикистону Русия аз 16 август, яъне алакай аз рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешавад ва нахустин қатор байни якуним соли танаффус мусофиронро аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон то шаҳри Волгогради Русия хоҳад бурд.

Вазорати нақлиёт дар иттилоияш гуфт: “Арзиши билет дар қатораҳои мусофирбарии байналмилалии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар хатсайри Кӯлоб — Волгоград дар вагонҳои платскартӣ — 1580 сомонӣ (наздики 150 доллар), дар вагонҳои купе — 2040 сомонӣ (қариб 200 доллар), муқаррар гардида, дар дигар хатсайрҳо ҳам дар мувофиқа бо кишварҳое, ки қатора сарҳадашонро убур мекунад нархи билет муайян карда мешавад”.

Барои муқоиса нархи парвоз ба Русия бо ҳавопаймоҳо тақрибан аз 4 ҳазор сомонӣ шурӯъ шуда, то ҳадди 7 ҳазор сомонӣ мерасад.

Русия ҳаракати қаторҳои мусофиркаш бо Тоҷикистонро моҳи марти соли 2020, ба далели пандемияи коронавирус манъ карда буд. Ҳаракати ҳавопаймоҳо байни ду кишвар алакай аз 1 апрели соли 2021 аз сар гирифта шуд, вале барқарор кардани ҳаракати қаторҳои мусофиркаш якуним сол тӯл кашид. Тибқи тавофуқи байни ду кишвар, қарор аст, аз 16 август ҳаракати қаторҳои мусофиркаш дар хатсайри Кӯлоб – Волгоград, аз 27 август дар хатсайри Душанбе – Волгоград ва аз 7 сентябр дар хатсайри Хуҷанд- Волгоград ба роҳ монда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button