Хабарҳо

СОКИНИ 22–СОЛАИ ҒАРМ ХУДРО БА ДАРЁИ СУРХОБ ПАРТОФТА, ХУДКУШӢ КАРДААСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 4 августи соли 2022 дар бораи худкушии як сокини ҷавони шаҳраки Ғарм, маркази маъмурии ноҳияи Рашт дар шарқи ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба иттилои сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Рашт, рӯзи 2 августи соли 2022, тахминан соати 14:40 як сокини 22–солаи Ғарм бо сабаби ҳаз норӯшане қасди ҷонаш карда, худро ба дарёи Сурхоб партофтааст.

Дар пайи дарёфти ин хабар, наҷотбахшони минтақаи Рашт бо кумаки сокинони маҳаллӣ дар дарёи Сурхоб амалиёти ҷустуҷӯиро ба роҳ андохтаанд ва баъди қариб як шабонарӯз ҷасади ҷавонро дар лаби дарё, тақрибагн 20 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо кардаанд. Наҷотбахшон ҷасадро аз об бароварда, ба мақомоти марбута супурдаанд. Дар хабар дар мавриди сабаби худкушии ин ҷавон изҳори беиттилоӣ карда шудааст. Зоҳиран акнун сабаби дар чунин синни ҷавон даст ба ҷони худ задани сокини 22–солаи шаҳраки Ғармро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд маълум кунанд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button