Хабарҳо

Ба ҳалокат расидани ноболиғ пас аз лату кӯб

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Муъминобод муноқиша намуда, бо мушт ба сатҳи чакагии мағзи сари ноболиғ задааст, ки дар натиҷа номбурда зарари вазнин ба саломатиаш гирифтааст.
Баъди ин муноқиша, ноболиғи мазкур санаи 13-уми июли соли 2022, тахминан соатҳои 04:00, дар хонаи истиқоматиашон фавтидааст.
Мутобиқи хулосаи эксперти Маркази экспертизаи судию тиббӣ ноболиғ зарари вазнин ба саломатиаш гирифта, ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button