Хабарҳо

ХИТОЙ БА ТОҶИКИСТОН БОЗ 2,5 МИЛЛИОН ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ТАҚДИМ КАРД

Рӯзи 31 июли соли 2022 аз Ҷумҳурии халқии Хитой ба Тоҷикистон боз 2 миллиону 543 ҳазору 200 воя ваксинаи “КоронаВак” ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри аксҳо аз маросими қабули ин ваксинаҳо гуфт, ин кумаки Хитой ба Тоҷикистон “бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти бемории мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат” сурат мегирад. Ба ин тартиб, ҷамъи вояҳои ваксинаи зидди коронавирус, ки Хитой ба Тоҷикистон ба таври ройгон тақдим кардааст, аз 5 миллион воя гузашт.

Тақдими дуюним миллион вояи ваксина баробар бо сафари расмии вазири хориҷаи Хитой Ван И ба Тоҷикистон сурат гирифт. Ван И дар Душанбе бо роҳбарони баландпояи ин кишвар, аз ҷумла бо президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард. Дар аксари ин дидорҳо Ван И дар рӯ ниқоби тиббӣ дошт ва аз дастфишурӣ парҳез карда, худро бо саломи оринҷ ба оринҷ маҳдуд мекард.

1 августи соли 2022 Сироҷиддин Муҳриддин ва Ван И дар як маросими хоси супоридани расмии 5 млн. воя ваксинаи зидди Ковид-19 низ иштирок кардаанд.

Ба сурати умум. ба Тоҷикистон то имрӯз дар умум беш аз 18 миллион ваксинаи зидди коронавирус ворид кардаанд. Ҳамаи ин ваксинаҳоро Тоҷикистон ройгон дарёфт кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button