Хабарҳо

ҚУРБОНИЁНИ ТАСОДУФӢ: ҶАНҶОЛИ БАЙНИ МАНСАБДОРОНИ КУМИТАИ ЗАМИН САБАБИ ҚАТЛИ ДУ ЗАНИ БЕГУНОҲ ШУД (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” сабтҳои видеоии мудҳишеро аз макони қатли ду зани фаррош дар Кумитаи замини ноҳияи Деваштич нашр кард ва гуфт, бар асоси натиҷаҳои тафтишоти муқаддамотӣ, корманди ин кумита Сабозиддин Мунавварзода он ду зани фаррошро барои тасодуфан шоҳиди сиёҳкориҳои ӯ шуданашон бераҳмона ба қатл расондааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи милитсияи вилояти Суғд дар ин барнома гуфт, қатли ин ду зан фазои носолими корӣ ва рақобатҳои гуруҳӣ дар кумитаи замини ноҳияи Деваштичро рӯи об баровард.

Ду сокини ҷамоати Ғазантарак Фозилова Мӯниса Раҳимовна, соли таваллудаш 1966, ва ҳамсари бародари ӯ Зокирова Умеда Қосимовна, соли тааллудаш 1977, вақте кушта шуданд, ки рӯзи якшанбе барои тоза кардани бинои кумитаи замин омаданд.

Акбар Шарифӣ гуфт, дар натиҷаи тафтиш муайян карда шуд, ки ду зани кушташуда қурбонии тасодуфӣ будаанд. Тавре маълум шудааст, мутахассиси пешбари кумитаи замин Мунавварзода Сабоҳиддин Ҷамолиддин, соли тааллудаш 1991, сокини ҷамоати Далёни боло, нисбат ба раис, муовин ва дигар кормандони ин кумита ба далели гӯё мамониати онҳо ба кори Мунавварзода қасд ва хусуматӣ шахсӣ доштааст. Он рӯзи наҳси 17 июл, Мунавварзода бехабар аз онки дар ин рӯзи истироҳати якшанбе фаррошон ҳам метавонанд ба кор биоянд, ба ҷои кор омада, бо мақсади тарс додан ва ба таҳлука андохтани онҳо даст ба ташкили далелҳои сунъии бадномкунанда зада, ҳамон рӯз бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ утоқҳои кории раис ва муовини раиси кумитаро оташ задааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button